Файзи навобод

Хуш омадед!

Previous Entry Share
Ман ба ғайр аз дӯстдорӣ пешаи дигар надорам
faizi_navobod

Ман ба ғайр аз дӯстдорӣ пешаи дигар надорам,

Ҷуз вафо андар сарам андешаи дигар надорам
Бас зи оби меҳр гаштам сабз андар арсаи меҳр
Нахли меҳрам, шохаю баргу решаи дигар надорам

То ки бо ширини худ ман умри ширин бигзаронам

Қиссаи Фарҳоду кӯҳу тешаи дигар надорам
Умр базму косагул тақдиру май шодиву ғам
Базму соқиву шаробу шишаи дигар надорам


Comments Disabled:

Comments have been disabled for this post.

?

Log in

No account? Create an account