Файзи навобод

Хуш омадед!

Previous Entry Share Next Entry
Ман ба ғайр аз дӯстдорӣ пешаи дигар надорам
faizi_navobod

Ман ба ғайр аз дӯстдорӣ пешаи дигар надорам,

Ҷуз вафо андар сарам андешаи дигар надорам
Бас зи оби меҳр гаштам сабз андар арсаи меҳр
Нахли меҳрам, шохаю баргу решаи дигар надорам

То ки бо ширини худ ман умри ширин бигзаронам

Қиссаи Фарҳоду кӯҳу тешаи дигар надорам
Умр базму косагул тақдиру май шодиву ғам
Базму соқиву шаробу шишаи дигар надорам

моли кист, ростӣ намедонам. Аз сабти консерти устод Афзалшоҳ Шодӣ гирифта шудааст.


?

Log in